,
Ҷумъа, 24-апрел
Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Чӣ гуна классика аҳамияти худро нигоҳ медорад» маҳфили адабӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он боло бурдани завқи адабӣ ва шиносоии бештари донишҷуён бо мероси адабони классик буд.
Маҳфил бо муаррифии адибон ва шоирони классик оғоз гардида, иштирокдорон доир ба ҳаёт ва эҷодиёти чеҳраҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон маълумоти ҷолиб пешниҳод намуданд. Қисмати фарҳангии барнома бо иҷрои рақс аз ҷониби донишҷӯён идома ёфта, фазои маҳфилро боз ҳам ҷолибтар гардонд.
Дар идома донишҷуён бо иҷрои саҳнаҳои театрӣ, монологҳо ва порчаҳо аз асарҳои машҳури классикӣ маҳорати ҳунарии худро нишон доданд. Ҳамзамон, романси бар ашъори Анна Ахматова пешкаши ҳозирин гардида, ба барнома мазмуни тоза бахшид. Ин барнома ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки асарҳои классикиро бо диди нав дарк намуда, арзиши адабиётро дар шароити муосир эҳсос намоянд.
Дар фарҷом, сардори раёсати тарбия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар тарбияи маънавии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ дар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ нақши муассир дорад.