, Ҷумъа, 24-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

Санаи 22.04.2026 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Рузиева Барно, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина ва ҳайати омузгорони кафедра ва донишҷуён иштирок доштанд. Нахуст роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшид ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша кард.

Сипас, Гулбии Қурбоналӣ - донишҷуи курси дуюми факултет дар мавзуи «Таҳавввули жанри ҳикоя дар адабиёти муосири тоҷик» ва Миҷгонаи Сафаралӣ- донишҷуи курси сеюм дар мавзуи «Нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар рушди ҳамосасароӣ. Образи “Борбад” дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”» маърузаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат