,
Ҷумъа, 24-апрел
Санаи 21.04.2026 дар маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Интеграция цифровых технологий в преподавание русского языка” бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳайати омузгорон ва донишҷуён баргузор гардид.
Сараввал мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Назарова Рухшона суханронӣ намуда, дар мавзуи «Роль искусственного интеллекта как средство повышения качества знаний в условиях билингвизма» таъкид кард, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ, дар раванди таълим имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, ба баланд гардидани сифати дониш, рушди малакаҳои забонӣ ва мутобиқшавии омӯзгорону донишҷӯён ба муҳити таҳсилоти рақамӣ мусоидат менамояд.
Сипас, дотсенти кафедраи мазкур Файзуллоева Фирӯза дар мавзуи “Интеграция цифровых технологий в преподавании русского языка и литературы”, муаллими калони кафедра Эргашева Шаҳноза дар мавзуи “Преподавание русского языка в эпоху цифровизации”, ассистентони кафедра Ҷаборов Бобомурод дар мавзуи “Интеграция цифровых технологий и методов обучения русского языка”, Қурбонова Сафармо дар мавзуи “Повышение цифровой грамотности преподавателей русского языка как иностранного в условиях смешанного обучения” ва Ализода Дилшод дар мавзуи “Развитие вербального интеллекта на уроках русского языка и литературы” маърузаҳои худро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Зикр гардид, ки татбиқи самараноки технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, заминаи мусоидро барои рушди малакаҳои коммуникативӣ, тафаккури эҷодӣ ва мутобиқшавии донишҷуён ба талаботи ҷомеаи муосир фароҳам меорад.