,
Душанбе, 20-апрел
Санаи 18 апрел дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил Латифзода Ойҷонбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, донишҷӯёни курси 5-уми факултет Раҳмонзода Садафмо дар мавзуи “Тарбия намудани инсонгароӣ дар давраи томактабӣ” ва донишҷӯи курси 1-ум Мудинзода Б. дар мавзуи “Тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуда, доир ба масъалаҳои тарбияи шахсият ва ташаккули арзишҳои инсонӣ дар давраи томактабӣ андешаҳои ҷолиб баён карданд.