, Душанбе, 20-апрел

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ


БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ

Санаи 18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзуи “Нақши забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ” ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 баргузор шуд.

Кори ҳамоишро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия оғоз намуда зикр дошт, ки забон унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат, рукни устувори давлатдории мустақил, кафили бақои миллату тамаддуни оламгир мебошад.

Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат дар мавзуи “Нақши забон дар ташаккули ҳувияти миллӣ”, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгор аз Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Раҳимов Абулқосим дар мавзуи “Воҳибҳои устувори забонӣ дар ашъори Ҳақназар Ғоиб” ва муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ Қаюмова Мубина дар мавзуи “Сиёсати давлатии забон ва номшиносӣ” маъруза ироа намуданд.

Ишора рафт, ки забони тоҷикӣ дар пайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ - забони дарӣ ва форсӣ - дар раванди  садсолаҳои фаротаърихӣ ҳамчун забони тамаддунофар дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархурдор буд ва аз баракати сиёсати хирадбунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар зодгоҳи худ мақоми пешин ва деринаи худро соҳиб гардида, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён – ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида, мавриди корбурд қарор гирифтааст.




Ба рӯйхат