, Шанбе, 18-апрел

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ-ҚАДАМЕ БА СӮИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ


МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ-ҚАДАМЕ БА СӮИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Субҳи рӯзи шанбеи 18 апрели соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд. Дар он ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён бо рӯҳияи баланд ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин машқҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва таҳкими нерӯи равонии ҷавонон мебошад. Тамринҳо бо роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он гузаронида шуда, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногунро иҷро карданд.

Ҳузури фаъолонаи роҳбарияти донишгоҳ дар ин чорабинӣ нишон медиҳад, ки масъалаи солимии ҷавонон ва рушди фарҳанги варзишӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Ташкили чунин барномаҳо як ҷузъи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш байни қишрҳои гунгуни ҷомеа маҳсуб меёбад.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат