,
Шанбе, 18-апрел
Имрӯз, 17.04.2026 дар ҷаласаи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи мазкур Раҳмонализода Носир Раҳмоналӣ дар мавзуи “Исследование физико-химических характеристик лекарственных растений Кулябского региона и влияния на них природно-климатический условий методами икспектроскопии и рентгенофлуоресценого анализа”, зери роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Абдуллозода Сабур Фузайл баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.