,
Шанбе, 18-апрел
Баҳри рушд бахшидан ба қобилиятҳои эҷодӣ, баланд бардоштани завқи ватандӯстӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ дар миёни ҷавонон, дар саросари ҷумҳурӣ озмунҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ ба роҳ монда шудаанд. Яке аз чунин ташаббусҳои фарҳангӣ озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Ин иқдом ба хотири дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар бахшҳои мухталифи санъат, аз ҷумла эҷоди таронаҳои ватандӯстона, таҳияи оҳангҳои тоза ва рушди маҳорати баланди касбии ҳунармандон роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи ин озмуни сатҳи баланд, санаи 17-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни мазкур баргузор гардид.
Ҳайати доварони озмунро роҳбарони сохторҳои тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ва мутахассисони соҳаи санъат, аз ҷумла муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, роҳбари бахши фарҳанги донишгоҳ Умедҷони Бобоҷон, омузгорони донишгоҳ-Пулодов Амирҳамза ва Мирзоева Бунафша ташкил медоданд.
Дар озмун 25 нафар донишҷӯ дар се бахши зерин ҳунарнамоӣ намуданд:
Озмуни имсола бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҷодкорӣ ва ҳунармандӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар марҳилаи минбаъда интихоб гардиданд.