,
Шанбе, 18-апрел
Санаи 17.04.2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар дар мавзуи “Татбиқи усулҳои фаъоли таълим зимни таълими математика яке аз роҳҳои фаъолгардонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва солҳои 2020-2040- “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал мудири кафедра, дотсент Акбарзода Маҳрам суханронӣ намуда, қайд намуд, ки татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои математика яке аз омилҳои муҳиМми баланд бардоштани сифати дониш, рушди тафаккури мантиқӣ ва фаъолгардонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, муаллими калони кафедра Давлатов Толқун дар мавзуи “Рушди бозиҳои дидактикӣ дар таълими математика яке аз роҳҳои фаъолгардонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ”, ассистенти кафедра Зарифов Муҳаммаддовуд дар мавзуи “Методҳои таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ” ва донишҷуи курси якуми факултет Давлатзода Райҳона дар мазуи “Методҳо ва воситаҳои баланд бардоштани дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанни математика” маърузаи худро ба самъи иштирокчиён расониданд