,
Ҷумъа, 17-апрел
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ фаъолият менамоянд, ки барои баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ ва такмили малакаҳои амалии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Бо ҳамин мақсад, санаи 15 апрели соли 2026 дар “Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ”-и муассиса маҳфили навбатии “Чеварони гулдаст” бо иштироки роҳбари маҳфил, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Мирзоева Бунафша баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил баромад намуда, доир ба ҳадаф ва аҳамияти фаъолияти маҳфил суханронӣ намуда, дар мавзуи “Ёрии аввалин зимни ҳодисаҳои фавқулода дар маркази ҳунарҳои мардумӣ” баромад намуд. Ҳамчунин, донишҷуи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Рустамзода Райҳонгул дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” баромад кард.
Дар фарҷоми ҷамъомад миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъкид гардид.