, Ҷумъа, 17-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁН

Санаи 15-уми апрели соли 2026 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷуёни факултети филологияи хориҷӣ таҳти унвони “Фарҳанг ва забон: таъсири урфу одатҳои миллӣ ба луғати забонҳои хориҷӣ” бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, садорати факултети мазкур, ҳайати омӯзгорону донишҷуёни факултет баргузор гардид.

Сараввал, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди маҳорати тадқиқотӣ ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷуён таъкид карданд.

Дар ҷараёни конфронс донишҷуи курси дуюм Одиназода Оишамоҳ бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Ибораҳои исмӣ ва истифодаи онҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ», донишҷуи курси сеюми факултет Исамтов Муҳаммад дар мавзуи “Using AI in teaching English”, донишҷуи курси панҷум Менқараева Адиба дар мавзуи “Die Deutsch sprache und die methoden sprench” ва донишҷуи курси чорум Қадамова Қурбонбӣ дар мавзуи “Таърихи пайдоиши иероглифҳои забони хитоӣ” баромад намуда, андешаҳои худро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод. Маърӯзаҳо бо таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиён пазируфта шуда, муҳокимаи васеъро ба миён овард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷуён ва омӯзгорон саволу ҷавоб ва мубодилаи назар сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод гардид




Ба рӯйхат