,
Ҷумъа, 17-апрел
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ семинари омӯзишию иттилоотӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён бо иштироки муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиалӣ, дотсент Аюбзода Сафар баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар табодули таҷрибаи омӯзгорони донишгоҳ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барномаи ITEC (Ҳиндустон), инчунин муаррифии дастовардҳо ва густариши истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар раванди таълим буд.
Дар рафти семинар масъалаҳои муҳимми такмили маҳорати омӯзгорони забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷрибаи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳайдаробод (EFLU) пешниҳод гардид. Ҳамзамон, доир ба равандҳои трансформатсионӣ дар низоми тандурустӣ ва дастовардҳои Институти таҳқиқоти идоракунии тандурустии Ҳиндустон (IIHMR) маълумоти муфассал ироа шуд.
Дар қисмати маърузаҳо Бобоев Азам, омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ва Нуриддинов Баҳриддин, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба таҷрибаҳои андухтаи худ дар барномаҳои байналмилалӣ ва татбиқи онҳо дар муҳити таълимии донишгоҳ ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди тафаккури донишҷӯён мусоидати назаррас менамояд.