, Чоршанбе, 11-март

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ


ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

Имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми марти соли 2023 таҳти рақами №49 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Зулфиев Гадомад, декани факултет, Назарзода Бахтиёр, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, муҳаммадҷони Абдувоҳид, бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6j8k538ltk6nv0vg7803t3am8o in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6j8k538ltk6nv0vg7803t3am8o): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_isifo5hd7uso6d6c98mld69udi in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_isifo5hd7uso6d6c98mld69udi): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274