, Ҷумъа, 17-апрел

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДДК


МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДДК

Субҳи рӯзи шанбеи 11-уми апрели соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи дастаҷаъмонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани рӯҳияи варзишӣ ва бедор кардани нерӯи ҷисмониву равонии донишҷӯён мебошад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он сурат гирифта, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.

Иштироки пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ далолат бар он мекунад, ки масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва тарғиби зиндагии солим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Баргузории ин гуна барномаҳо ҷузъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат