, Якшанбе, 27-сентябр

ДДК МИЗБОНИ “КОРВОНИ КИТОБ” ДАР КӮЛОБ


ДДК МИЗБОНИ “КОРВОНИ КИТОБ” ДАР КӮЛОБ

Имрӯз, 9 апрели соли 2026, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “Адиб” дар доираи тадбири фарҳангпарваронаи “Корвони китоб” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ин намоиш беш аз 130 номгӯй ва зиёда аз 5000 нусха адабиёти тозанашр пешкаши дӯстдорони китоб гардонида шуд. Чорабинӣ фазои воқеан фарҳангиву маърифатиро фароҳам оварда, барои аҳли илму дониш ва ҷомеаи васеъ имконияти мусоиди шиносоӣ ва дастрасӣ ба осори навро таъмин намуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз чунин иқдоми судманд истиқболи гарм намуда, дар раванди боздид ва харидории китобҳо фаъолона иштирок карданд. Ин иқдом ба боло бурдани завқи мутолиа, таҳкими маърифати ҷомеа ва рушди фарҳанги китобхонӣ мусоидат менамояд.

Қобили таъкид аст, ки баргузории чунин тадбирҳои фарҳангӣ, аз ҷумла “Корвони китоб”, ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати фарҳангдӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди зеҳнии ҷомеа ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон, чунин иқдомҳо дар масири омодагӣ ба истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти вижа дошта, ба таҳкими арзишҳои миллӣ, густариши фазои маънавӣ ва баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_a92a0e1fq9m6qi4o69m8h8t958 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_a92a0e1fq9m6qi4o69m8h8t958): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_kntufiiegprre49i6htmpjjbek in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_kntufiiegprre49i6htmpjjbek): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n6917usthhdvec1v5b356q9f55 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n6917usthhdvec1v5b356q9f55): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274