,
Якшанбе, 19-апрел
Дар доираи ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, дар шаҳри Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Россия таҳти унвони “Забони русӣ дар Тоҷикистон: забон дар асри рақамӣ” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои мубрами таълим ва омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф, инчунин баланд бардоштани шавқу рағбати омӯзгорон ва хонандагон ба омӯзиши забони русӣ дар асри рақамӣ буд.
Форум бо ибтикори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти умумии Русияву Тоҷикистон - «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д. Ушинский» баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмиву таълимӣ ва корҳои эҷодии хонандагон боздид намуда, инчунин шоҳиди барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла қироати шеър, суруду тарона ва рақсу саҳнаҳои ҳунарӣ гардиданд, ки фазои форумро боз ҳам ғанӣ ва хотирмон намуд.
Дар ҷаласаи пленарии форум намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла Асомиддинзода Шарофиддин - сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулзода Зиедулло Назар - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Пирзода Диловар - раиси шаҳри Кӯлоб, инчунин ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай Лазаренко Ирина Рудольфовна ва роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Патрушев Андрей Валерьевич суханронӣ намуда, аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши омӯзиши забони русиро дар шароити муосир муҳим арзёбӣ карданд.
Дар кори форум намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи маориф гузоштанд.
Аз ҷумла, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Камолзода Шодмон зимни суханронии худ масъалаҳои муҳими омӯзиш ва рушди забони русиро дар фазои таълимии вилояти Хатлон ва донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба зарурати ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди омӯзиш таъкид намуд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин форумҳо барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи таълим мусоидат намуда, заминаи боэътимод барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф фароҳам меорад.
Форум дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, иштирокчиён вобаста ба истифодаи технологияҳои муосир дар таълим, такмили малакаҳои педагогӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.