, Сешанбе, 07-апрел

ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи илми тоҷик 15-уми апрел дар муассиса аз санаи 06.04.2026 то 11.04.2026 "Ҳафтаи илм" эълон шуда, дар доираи ҳафта баргузории маҳфилу конференсияҳои илмӣ дар назар дошта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз (06.04.2026) дар Донишгоҳ Конференсияи ифтитоҳии илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ҳамчунин истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони раёсатҳо, ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Ҳайати устодон ва меҳмонон дар аввал аз намоиши дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дидан намуданд.

Сипас, кори конфронс дар толори фарҳангии донишгоҳ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар идома ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ва натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 зикр намуданд, ки “Илму маърифат, фарҳангу тамаддун равшангароиву маърифатафзоӣ ҳамчун унсурҳои муҳим барои рушд ва пойдории давлату миллатҳо дар дарозои таърихи башарӣ нақши муҳимро ба уҳда гирифта, омили муҳим ва василаи олии наҷоти ҷомеаи мутамаддин гардидааст.

Дар воқеъ рушди ҳар кишвар ба низоми мукаммали илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дошта, маҳз нуру зиёи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърих ҳифз намудаву менамояд. Ба бахт ва саодати мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масоили марбут ба онро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намудааст.

Шоёни таҳсин, муҷиби ифтихор ва омили саодату шарафмандии беинтиҳост, ки аз самари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбубу муаззами миллат, роҳбари хирадрою маърифатгустар илму маориф ва фарҳанг дар замони истиқлолият ба рукни муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат равшангари масири давлатдориву давлатсозии мо гардидааст.

Дар воқеъ, илму маориф ва фарҳанг чун падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.

Ҳамин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба нақши бунёдӣ доштани илм ҳамасола дар кишвари азизи мову шумо ва хонаи умеди тоҷикони рӯйи дунё-Тоҷикистон, 15 апрел Рӯзи илми тоҷик дар муассисаҳои илмии кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифативу маънавии кишвари мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар гувоҳи натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ба таъкиди барҳақи Пешвои муаззами миллат «дар сиёсати Ҳукумати мамлакат илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхории Ҳукумат барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаву консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуданд. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд».

Ҳамчунин ишора рафт, ки имрӯзҳо дар 38 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 13 равияи илм, 31 ихтисос, 46 проблема ва 50 мавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул буда, дар 38 кафедраи донишгоҳ 520 нафар омӯзгор, аз ҷумла 11 нафар доктори илм, профессор, 80 нафар номзади илм, дотсент, 58 нафар номзади илм, муаллими калон, 4 нафар номзади илм, ассистент, 125 нафар муаллими калон ва 242 нафар ассистент ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимию методӣ саъю талош менамоянд.

Дар соли 2025 28 нафар муҳаққиқони донишгоҳ рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ин дастовардро сараввал ба худи устодон ва сипас, ба ҷомеаи кормандону омӯзгорони донишгоҳ шодбош мегӯем.

Таъкид гардид, ки дар семоҳи аввали соли 2026 аз ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ 4 нафар: Раҳмонзода Гулдона, Мирзоев Суҳроб, Авалова Зулфия ва Нодирзода Комилҷон рисолаи номзадии худро дифоъ намудаанд.

Ин нукта низ фараҳбахш дониста шуд, ки айни замон унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои илмии худро таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шуроҳои дифоъ қарор доранд.

Сипас, тибқи барнома Аюбзода Сафар Аюб, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Асосҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар такмили низоми амнияти иттилоотӣ”, Расулзода Лутфия Нуралӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия дар мавзуи «”Иқтисодиёти сабз”-заминаи бунёдии рушди устувор»,  Давлатзода Шералӣ Давлат, номзади илмҳои география, дотсент, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ доир ба “Мавзеъҳои ҳифзшавандаи минтақаи Кӯлоб-омили рушди соҳаи сайёҳӣ” ва Шарипов Сафаралӣ Раҷабалиевич, номзади илмҳои физика ва математика, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ дар мавзуи “Муҳиммияти криосфера дар иқлими замин” маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Дар бахши музокирот муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон доир ба раванди ҳамоишҳои илмӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” дар донишгоҳ маълумот дода, таъкид дошт, ки кор дар бахшҳо аз рӯзи 07.04.2026. то 11.04.2026 бо шунидан ва мавриди баррасиву омӯзиш қарор додани беш аз 950 мақолаи ҳайати олимон ва устодону донишҷӯён идома меёбад.

Дар ҷамъбасти конфронси ифтитоҳӣ изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши имрӯза ва силсилаи ҷамъомадҳои илмӣ дар ҳошияи ҳафтаи илми донишгоҳ, натиҷаи таҳқиқоту пажуҳиш, хулосаҳои илмиву масъалагузориҳои устодону муҳаққиқон ба шинохти таърих, ҳикмату фарҳанги оламгир ва рушду пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳад кард.




Ба рӯйхат