,
Душанбе, 06-апрел
Имрӯз, 4-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан бо кормандони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими фаъолияти илмии омӯзгорон, ҳавасмандгардонии онҳо барои идомаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, такмили сатҳи касбӣ ва фароҳам овардани замина барои дар оянда сазовор гардидан ба унвонҳои илмии дотсентӣ, профессорӣ ва дараҷаи илмии докторӣ арзёбӣ гардид.
Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки рушди илм яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассиса ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва омода намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад. Қайд гардид, ки имрӯз барои пешбурди фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ тамоми шароити зарурӣ фароҳам буда, омӯзгорон бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, корҳои таҳқиқотии худро густариш диҳанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба идомаи таҳқиқоти илмӣ, омодагӣ ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ, ба даст овардани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ, инчунин баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки номзадони илм бояд фаъолияти худро маҳдуд накарда, бо ҷиддият ба зинаи минбаъдаи илмӣ -доктори илмҳо расидан ва омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогиро ҳадафи асосии худ қарор диҳанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ, истифодаи манбаъҳои муосири илмӣ ва ворид намудани навоварӣ ба корҳои таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки танҳо тавассути фаъолияти мунтазам ва таҳқиқоти амиқ метавон ба натиҷаҳои назаррас ва сазовор гардидан ба унвонҳои илмӣ ноил гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён андешаву пешниҳодҳои худро баён намуда, омодагии хешро барои боз ҳам фаъол гардонидани фаъолияти илмӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои нав иброз доштанд.