, Шанбе, 04-апрел

ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ ВА КАФИЛИ САЛОМАТӢ


ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ ВА КАФИЛИ САЛОМАТӢ

Субҳи рӯзи шанбеи 4-уми апрели соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ҷавононро ба обутоби ҷисмонӣ ва худшиносӣ ҳидоят менамоянд, машқи дастаҷаъмонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин машқ таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани рӯҳияи варзишӣ ва бедор кардани неруи ҷисмониву равонии донишҷӯён мебошад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он сурат гирифта, иштирокчиён маҷмуи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.

Иштироки пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ далолат бар он мекунад, ки масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва тарғиби зиндагии солим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Баргузории ин гуна барномаҳо ҷузъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат