,
Шанбе, 04-апрел
Санаи 3.04.2026 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2025-2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Шарипов Назрулло, ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр ва донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ ва факултети физика, математика ва информатика иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони Донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.
Дар охир, доир ба баъзе масъалаҳо дар робита ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон миёни мутахассисони ҷавон ва ҳайати комиссия саволу ҷавоб доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудаанд ва дар навбати худ бо хатмкунандагон анҷом дода мешаванд.