, Ҷумъа, 03-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗИСТШИНОСӢ"


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗИСТШИНОСӢ"

Санаи 02.04.2026 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Зистшиносӣ"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими биология факултети химия ва биология бо иштироки намоядаи маркази болозикр, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Раҷабов Афзалшоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.

Сипас, Сайфуллои Муҳаммад, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин” ва Фаридуни Бобоҷон, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Баландшавии ҳарорат дар сайёраи Замин ва оқибатҳои он” маърӯза намуданд.

Маърӯзаҳои донишҷӯён бо мисолҳои илмӣ ва далелҳои ҷолиб пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд. Пас аз ҳар маърӯза миёни донишҷӯёну устодон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи илмӣ сурат гирифт.

 

 




Ба рӯйхат