,
Ҷумъа, 03-апрел
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил доранд, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовинони соҳавии ректор, намояндагони қисми таълим ва тарбияи донишгоҳ, садорати факултетҳо ва донишҷӯён иштироку суханронӣ намуданд.
Мақсади баргузории вохӯрӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, такмили малакаҳои касбӣ, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши амиқи фанҳои тахассусӣ, инчунин таҳкими интизоми таълимӣ ва масъулияти шахсӣ дар раванди таҳсил арзёбӣ гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани муқаддамотӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, махсусан донишҷӯёне, ки тавассути квотаи Президентӣ таҳсил доранд, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таъсиси квотаи Президентӣ намунаи олии ғамхории давлату ҳукумат буда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва омодасозии мутахассисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни суҳбат таъкид шуд, ки донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта бояд пеш аз ҳама дар самти донишандӯзӣ, азхудкунии фанҳои тахассусӣ, иштирок дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, озмуну олимпиадаҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ намунаи ибрат бошанд.
Ректори донишгоҳ донишҷӯёнро ба мутолиаи пайваста, аз худ намудани донишҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва иштироки фаъол дар фаъолияти илмӣ ҳидоят намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи низомномаи таълимӣ, иштироки мунтазам дар дарсҳо, омодагии ҷиддӣ ба машғулиятҳо, иҷрои саривақтии супоришҳои таълимӣ ва истифодаи самараноки вақти таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба раванди таҳсил бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Ҷараёни суҳбат дар фазои озоду самимӣ сурат гирифта, донишҷӯён фикру пешниҳодҳо ва дархостҳои худро ироа намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба Роҳбарияти Олии кишвар барои фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил ва ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирии пайваста дар самти таълим изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.