, Ҷумъа, 03-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз (1.04.2026) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет бо иштироки ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Фароғат, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия Давлатова Фароғат баромад намуда, ҳузури иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва оид ба аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳо, инчунин мавзуъҳои баррасишаванда ибрози назар намуд.

Сипас, Алихонзода Амина - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Синонимҳо яке аз роҳҳои бойшавии таркиби луғавии забон” маърӯза намуд. Ҳамчунин, Шерафганзода Меҳрона – донишҷӯи курси 2-юми ҳамин ихтисос дар мавзуи “Мавзуи модар дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар анҷом миёни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб ва муҳокимаи озод доир гардид, ки ба маҳфил фазои илмӣ ва созанда бахшид.




Ба рӯйхат