,
Ҷумъа, 03-апрел
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба масъалаҳои таҳкими саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ин, ҳоло ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Аҳамияти ин масъала борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки вазифаи давлат ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад, ки дар ниҳоят бояд арзишҳои тарзи ҳаёти солимро ташаккул ва таҳким бахшад. Сарфи назар аз тамоми кӯшишҳои давлат, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулшуда ва барномаҳое, ки амалӣ мешаванд, дар тамоми ҷумҳурӣ сатҳи ҷалби аҳолӣ ба тарбияи оммавии ҷисмонӣ ва варзиш беҳбудро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, ин мавзуъ дар робита ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ аҳамияти худро нигоҳ медорад. Тадқиқотҳои сершуморе, ки ба наздикӣ аз ҷониби муҳаққиқони гуногун гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки аҳолии кишвар тарзи ҳаёти солимро бо қобилияти пешбурди ҳаёти пурраи фаъол алоқаманд намекунад. Ҳангоми раддабандии арзишҳо «варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ» ҳамагӣ ҷои 10-умро ишғол намуда, пас аз мавқеъҳои «пул», «зиндагии бе ҷанҷол», «дӯст доштан», «кори бонуфуз» ва ғайра қарор дорад. Дар баробари ин, танҳо сеяки пурсидашудагон маънои мафҳуми «тарзи ҳаёти солим»-ро дарк мекунанд, боқимондаҳо ё дар ин бора тасаввуроти кам доранд ва ё умуман ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳамчунин, андӯҳовар аст, ки вақти сарфшуда «дар интернет» ва «дар телевизион» аз «тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бештар аст.
Асоси ташаккули тарзи ҳаёти солим муносибати инфиродӣ ва ҳавасмандии шахс ба татбиқи қобилиятҳои иҷтимоӣ, ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва равонии ӯ мебошад. Тарзи ҳаёти солим роҳи фаъолияти инсон аст, ки ба нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатӣ нигаронида шудааст. Дар баробари ин, он шарти мавҷудият ва рушди паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ба шумор меравад. Ҳар он чизе, ки ба саломатӣ таъсири мусбат мерасонад, метавонад ба тарзи ҳаёти солим мансуб дониста шавад ва дар ин миён тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нақши махсусро ишғол мекунанд. Тарзи ҳаёти солим ба раванди нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатӣ таъсири мусбат расонида, ҷузъи асосии пешгирии бемориҳо мебошад. Маълумоти як қатор тадқиқотҳое, ки аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки зиёда аз 50 фоизи саломатии аҳолии ҳар як кишвар ба тарзи ҳаёти солим вобаста аст.
Тарбияи ҷисмонӣ - бахши таркибии маҷмӯи фарҳанг ва як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои ҷисмонии инсон равона гардидааст. Дар раванди ташаккул ва инкишофи низомҳои тарбиявӣ ва фарҳанги ҷисмонӣ дар марҳилаи ҳозира, он нақши омили асосии ташаккул ва рушди сифатҳои ҷисмониро касб мекунад. Тарбия ва варзиш дар ин маврид бояд асоси ташаккули шахсияти ҳамаҷониба бо роҳи парвариши малакаҳои тарзи ҳаёти солим гардад. Барномаи тарзи ҳаёти солим дар ин ҳолат бояд барномаи мукаммале бошад, ки ба ташаккули мақсадҳо, муносибатҳо, самтҳои шахсӣ ва меъёрҳои рафтор нигаронида шуда, дар навбати худ нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии аҳолиро таъмин намояд.
Дар байни унсурҳои асосии тарбияи ҷисмонӣ одатан чунин ҷузъҳо ҷудо карда мешаванд: фарҳанги бадан, фарҳанги саломатӣ ва фарҳанги ҳаракат. Як қатор муҳаққиқон нишондиҳандаҳоеро муайян мекунанд, ки фарҳанги ҷисмонии шахсро тавсиф менамоянд, аз ҷумла:
Ҳамин тариқ, муносибати мунтазам ба ташаккули арзишҳои тарзи ҳаёти солим бояд бо назардошти омилҳое, ки ба саломатии аҳолии кишвар ва табақаҳои гуногуни иҷтимоии он таъсир мерасонанд, бунёд карда шавад. Ба ин омилҳо шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, инчунин омилҳои хавфе, ки дар ҷои кор ё дар раванди таҳсил ба вуҷуд меоянд, дохил мешаванд. Ҳамчунин, ташаккули одатҳо ва қоидаҳои рафтори солим аҳамияти калон дорад. Вобаста ба ин, барои ташаккули фарҳанги тарзи ҳаёти солим риояи ин меъёрҳо муҳим мебошад.
Наимов А. Р., муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они ДДК ба номи А. Рӯдакӣ