, Ҷумъа, 03-апрел

АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК


АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати маорифпарварона ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳсозии шароити таълиму тарбия равона гардидаанд, якчанд синфхонаҳо ба истифода дода шуданд. Ин иқдом ба қадршиносии заҳмати омӯзгорон ва боло бурдани сатҳи таълим мусоидат менамояд.

Ташаббуси мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон шудани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 зикр гардида буд, амалӣ шуда истодааст.

1 апрели соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодӣ синфхонаҳои таълимӣ ба номи як қатор олимони варзидаи соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла синфхонаи тахассусии аудит ва ревизия ба номи профессор Шарифов Зариф Раҳмонович, синфхонаи тахассусии андоз ва андозбандӣ ба номи дотсент Анна Конькова Александрова ва синфхонаи тахассусии фаъолияти гумрукӣ ба номи шодравон, дотсент Абдураҳмонов Умархон Мусоевич мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин иштирокчиён аз шароити муосири таълимӣ, таҷҳизоти техникӣ ва имкониятҳои фароҳамоварда дар кафедраи молия ва қарз шинос гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов Зариф Раҳмонович, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва дигар меҳмонон иштирок намуда, аз шароити фароҳамшуда дидан карданд.

Ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан таъкид доштанд, ки синфхонаҳои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ таъмин буда, барои баланд бардоштани сифати донишандӯзӣ, рушди малакаҳои амалӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ заминаи хуб фароҳам меоранд. Номгузории ин иншоот ба номи омӯзгорони варзида рамзи эҳтиром ва эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб мебошад.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов Зариф Раҳмонович зимни суханронӣ дар синфхонаҳои навтаъсис ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ бояд пайваста ба омӯзиши амиқи дониш машғул гардида, ҳамзамон ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба марзу буми аҷдодиро дар худ парвариш намоянд.

Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ дар толори шурои олимони факултет бо иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов Зариф Раҳмонович вохӯрии судманд доир гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи иқтисод, баланд бардоштани сифати таълим ва арҷгузорӣ ба хизматҳои омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти чунин иқдомҳо дар таҳкими муҳити илмӣ-таълимӣ таъкид карда шуд.




Ба рӯйхат