,
Душанбе, 30-март
28.03.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонон, аз ҷумла фаъолону собиқадорони шаҳр ва устодону донишҷӯён доир шуд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ҳайати меҳмонону устодон дар ибтидо аз наврӯзгоҳи муассиса, ки дар саҳни бинои маъмурӣ донишҷӯёни ҳар як факулта хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд, дидан карданд. Дар хони наврӯзии факултетҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.
Баъд аз тамошои хони идона ва дастовардҳои факултетҳо қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани шодбошӣ ташрифи меҳмонони арҷмандро ба наврӯзгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳозирин ва мардуми кишвари азизу маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлолро, аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори куҳантарину бузургтарин ҷашни миллӣ, дастоварди беназири фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ, муждаи баҳору сарсабзии табиат – Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳатии бардавом, сарбаландии мудом, рӯзгори ободу хуррам ва дар фаъолияти касбӣ, илмию таълимӣ иқболи накуву комёбиҳои рӯзафзун таманно намуданд.
Бо ифтихор таъкид шуд, ки мо мардуми тамаддунофари тоҷик имрӯз ин ҷашни бостонии аҷдодиро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Ин неъмати бебаҳо самараи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти олии кишвар мебошад, ки боиси муаррифии бештари фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарварона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақому нуфузи нав пайдо кард. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Наврӯз аз доираи ҷашни миллӣ берун рафта, ба арзиши фарҳангии байналмилалӣ табдил ёфт.
Қобили ёдоварист, ки тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар донишгоҳ бо баргузории маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ аз қабили «Олими сермаҳсул», «Факултети пешсаф», «Кафедраи пешсаф», «Омӯзгори сол», «Маҳфили беҳтарини сол», «Донишҷӯи сол», «Магистранти сол», «Сарпараст (куратор)-и сол», «Варзишгари сол», «Ҳуҷраи беҳтарини хобгоҳ» ва «Раёсати пешсаф» оғоз гардид, ки зимни он ҳайати устодон қадршиносӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ ва ҳунармандони кишвар дастагуле аз савту наво пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки базмгоҳи наврӯзро хотирмону фараҳафзо гардонид.
Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса чун рамзи эҳтиром ба суннатҳои ниёкони миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.