Имрӯз, 28.03.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаву фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо баргузории маросими ҷамъбасти озмунҳои донишгоҳӣ оғоз шуд. Дар ин чорабинӣ ғолибони як қатор озмунҳои муҳими донишгоҳӣ, аз қабили «Олими сермаҳсул», «Факултети пешсаф», «Кафедраи пешсаф», «Омӯзгори сол», «Маҳфили беҳтарини сол», «Донишҷӯи сол», «Магистранти сол», «Сарпарасти сол», «Варзишгари сол», «Ҳуҷраи беҳтарини хобгоҳ» ва «Раёсати пешсаф» бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими қадршиносӣ ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо, ғолибони номинаҳо, инчунин устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ бо таваҷҷуҳ ба нақш ва ҷойгоҳи Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги ниёгон ва омили таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин аҳамияти он дар сиёсати фарҳангиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки ин ҷашни бостонӣ имрӯз низ ҳамчун рамзи ваҳдат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа хизмат менамояд.
Дар зимн ташкилу баргузории чунин озмунҳоро омили муассир дар баландбардории масъулиятшиносӣ, ташаккули рақобати солим, рушди қобилиятҳои илмӣ ва эҷодӣ, инчунин боло бурдани сатҳи касбияти устодону донишҷӯён арзёбӣ намуда, саҳми онҳоро дар пешрафти фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ назаррас унвон кард.
Ғолибони озмун ба таври зерин муайян ва қадршиносӣ гардиданд:
Номинатсияи «Олими сермаҳсул» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 2000 сомонӣ
- Ҷумъахон Аалимӣ-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон;
- Комилзода Низомиддин- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
- Қодирова Дилафрӯз, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ.
Номинатсияи «Раёсати пешсаф» маблағи ҳавасмандӣ 2000 сомонӣ:
- Раёсати молия ва муҳосибот, сардор Гадоев Зокир.
Номинатсияи «Факултети пешсаф» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 2000 сомонӣ:
- Физика, математика ва информатика декани факултет Самариддинова Зайнаб, дотсент;
- Филологияи тоҷик ва журналистика декани факултет Зулфиев Гадомад, дотсент;
- Химия ва биология, декани факултет Ҷуразода Шоҳмурод, дотсент;
- Омӯзгорӣ ва фарҳанг, декани факултет Комилзода Насим, номзади илмҳои таърих;
- Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, декани факултет Каримҷонзода Манучеҳр, дотсент.
Номинатсияи «Кафедраи пешсаф» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 1000 сомонӣ:
- Молия ва қарз, мудир Комилзода Низомиддин, дотсент;
- Адабиёти тоҷик, мудир Шамшоди Ҷамшед, дотсент;
- Фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, мудир Ҷурахонзода Гулрӯ, номзади илмҳои педагогӣ;
- Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, мудир Каримова Назокат, дотсент;
- География ва сайёҳӣ, мудир Гадоев Шералӣ, дотсент;
- Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, мудир Робияи Абдусамад, дотсент;
- Таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн, мудир Шоҳсанами Ризо, номзади илмҳои педагогӣ;
- Фалсафа, мудир Ҳасанов Маҳмадсаид, номзади илмҳои фалсафа;
- Таърихи халқи тоҷик, мудир Суфиев Садриддин, дотсент;
- Биология ва методикаи таълими он, мудир Бобоев Сафар, дотсент;
- Адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, мудир Ғуломова Садбарг, дотсент.
Озмуни «Омӯзгори сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 1500 сомонӣ:
- Муродова Гулчеҳра, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ;
- Саидзода Муҳаммад, дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ.
- Раҷабзода Афзалшо, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он.
Номинатсияи «Маҳфили беҳтарини сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 1000 сомонӣ:
- “Шоҳномахонӣ”, маҳфили назди кафедраи адабиёти тоҷик, роҳбар Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, профессор;
- “Географ-сайёҳони ҷавон”, маҳфили назди кафедраи география ва сайёҳӣ, роҳбар Мадасани Азизмад-ассистенти кафедра;
- “Химикони ҷавон” маҳфили назди кафедраи химия ва методикаи таълими он, роҳбар Раҳимов Рамазон - ассистенти кафедра.
Номинатсияи «Сарпарасти сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 1000 сомонӣ:
- Мирзозода Арафа, сарпарасти гурӯҳи таълимии 205 факултеи география ва иқтисодиёти рақамӣ;
- Сафаралиева Парвина - сарпарасти гурӯҳи таълимии 107 факултети физика, математика ва информатика;
- Дустов Насим - сарпарасти гурӯҳи таълимии 201, факултети таърих, ҳуққуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- Ҳамидзода Зебунисо - сарпарасти гурӯҳи таълимии 102 факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
- Иброҳими Аҳмадхон - сарпарасти гурӯҳи таълимии 302, факултети филологияи рус;
- Давлатзода Қаламнисо - сарпарасти гурӯҳи таълимии 405 факултети молиявию иқтисодӣ;
- Сайдализода Фотима - сарпарасти гурӯҳи таълимии 203 факултети филологияи хориҷӣ;
- Сафарализода Абдуҷаббор - сарпарасти гурӯҳи таълимии 303 факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
- Ҷурахонзода Саида - сарпарасти гурӯҳи таълимии 206 факултети химия ва биология;
- Ташрифи Шариф - сарпарасти гурӯҳи таълимии 405 факултети химия ва биология.
Номинатсияи «Магистранти сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 2 идрорпулии муқаррарӣ:
- Сафарзода Сироҷиддин Абдуғафор - магистранти курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ;
- Назримадова Миҷгона Ёралиевна -магистранти курси дуюми факултети физика, математика ва информатика;
- Каримова Муниса Маҳмадзоировна - магистранти курси дуюми факултети физика, математика ва информатика.
Номинатсияи «Донишҷӯи сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 2 идрорпулии муқаррарӣ:
- Некрӯзи Каримхуҷа - донишҷӯи курси чоруми факултети физика, математика ва информатика;
- Рустамова Мафтуна Талабхуҷаевна - донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
- Давлатов Аҳлиддин - донишҷӯи курси чоруми факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ.
Номинатсияи «Варзишгари сол» ба ҳар нафар маблағи ҳавасмандӣ 2 идрорпулии муқаррарӣ:
- Мустафои Абдулфайз - донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ
- Ҳакимов Худойдод - донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ
- Акбаршоҳи Аҳтамшо - донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ҳуқуқ ва МБ
Номинатсияи «Ҳуҷраи беҳтарини хобгоҳ» ба ҳар ҳуҷра маблағи ҳавасмандӣ 800 сомонӣ:
- Ҳуҷраҳои №116, №119 ва №408.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар фазои идонаи Наврӯз ба таҳкими рӯҳияи эҷодкорӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва рушди неруи зеҳнии устодону донишҷӯён мусоидат намуда, заминаи устуворро барои ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ фароҳам меорад.
Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва сокинони шаҳри Кӯлоб дар назди бинои маъмурии донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад.