, Шанбе, 28-март

АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК


АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати маорифпарварона ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳсозии шароити таълиму тарбия равона гардидаанд, якчанд синфхона ва озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд. Ин иқдом ба қадршиносии заҳмати омӯзгорон ва боло бурдани сатҳи таълим мусоидат менамояд.

Ташаббуси мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон шудани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 зикр гардида буд, амалӣ шуда истодааст.

28 марти соли 2026 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ синфхонаи таълимӣ ба номи дотсент, номзади илмҳои таърих Аъзамов Хурсанд Саидович ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон, дар факултети физика, математика ва информатика озмоишгоҳи “Оптика” ба номи устод Ситамов Султон мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан, роҳбарияти муассиса, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва дигар меҳмонон иштирок намуда, аз шароити фароҳамшуда дидан карданд.

Қайд гардид, ки синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ таъмин буда, барои баланд бардоштани сифати донишандӯзӣ, рушди малакаҳои амалӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ заминаи хуб фароҳам меоранд. Номгузории ин иншоот ба номи омӯзгорони варзида рамзи эҳтиром ва эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас мебошад.




Ба рӯйхат