, Ҷумъа, 27-март

АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК


АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОРОН ВА ТАҲКИМИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи омӯзгорон, як қатор синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри 2025) таъкид гардидааст, амалӣ шуда истодааст.

Имрӯз, 26.03.2026 дар факултети физика, математика ва информатика синфхонаи таълимӣ ба номи профессор Шарифов Ҷумъа, озмоишгоҳи “Компонентҳои миллӣ” ба номи устод Қаландаров Сайдасрор, инчунин озмоишгоҳи “Технологияи коркарди чӯбу метал” ва “Ошхонаи таълимӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои мазкур ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, ҳайати омӯзгорон ва дигар меҳмонон иштирок намуда, бо шароити фароҳамгардидаи таълимӣ аз наздик шинос гардиданд.

Зикр гардид, ки синфхона ва озмоишгоҳҳои нав бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди малакаҳои амалӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш мусоидат менамоянд. Номгузории синфхонаву озмоишгоҳҳо ба номи устодони соҳибтаҷриба нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба саҳми арзишманди онҳо дар рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавон маҳсуб меёбад.




Ба рӯйхат