, Ҷумъа, 27-март

АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ДДК


АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи омӯзгорон, синфхонаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри 2025) таъкид гардидааст, амалӣ шудааст.

Имрӯз 26.03.2026 чунин синфхона дар факултети химия ва биология ба номи профессор Мирзоев Салим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, ҳайати омӯзгорон ва наздикону пайвандони устод иштирок намуданд ва бо шароити муҳайёшудаи таълимӣ шинос шуданд.

Зикр гардид, ки синфхонаи нав бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш мусоидат менамояд. Номгузории синфхона ба номи устоди соҳибтаҷриба нишонаи эҳтиром ба хизматҳои арзишманди ӯ дар тарбияи насли ҷавон ва рушди илму маориф маҳсуб меёбад.




Ба рӯйхат