, Панҷшанбе, 19-март

БАРГУЗОРИИ КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯӢ БАХШИДА БА 1050-СОЛАГИИ РОБИЯИ БАЛХӢ


БАРГУЗОРИИ КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯӢ БАХШИДА БА 1050-СОЛАГИИ РОБИЯИ БАЛХӢ

Санаи 18-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Робияи Балхӣ ва ташаккули анъанаи суханварии занон дар адабиёти тоҷику форс” бахшида ба 1050-солагии аввалин бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс, шоир Робияи Балхӣ бо иштироки олимону донишмандон баргузор гардид.

Кори конфронс бо суханронии сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия оғоз гардида, қайд намуд, ки адабиёт дар ҳама давру замон инъикоси зиндагии маънавии инсон ва бозтоби ормонҳо, арзишҳо ва ҷаҳонбинии ҳар миллат маҳсуб меёбад. Дар таърихи пурғановати адабиёти тоҷику форс шахсиятҳое ҳастанд, ки бо истеъдоди фавқулода ва андешаи тозаи худ дар рушди фарҳанг ва шеъру сухан саҳми мондагор гузоштаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста ва таърихсоз Робияи Балхӣ мебошад, ки ҳамчун яке аз нахустин занони шоир дар адабиёти форсу тоҷик мақоми хос дошта, дар ташаккули анъанаи суханварии занон нақши муҳим бозидааст.

Сипас, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар воқеъ, Робияи Балхӣ яке аз шоирони бузурги асри X ба ҳисоб рафта рӯзгору ва фаъолияти ӯ намунаи ибрат мебошад.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар мавзуи “Аввалин зани порсигӯй” ва доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Асозода Ҳотам дар мавзуи “Симои Робия ва таҷаллии ишқи ӯ дар “Илоҳинома”-и Фаридуддини Аттор” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

Дар бахши музокира мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Шамшоди Ҷамшед баромад намуда, оид ба нақш ва ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар рушду пешрафти адабиёти тоҷику форс суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки Робиаи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин занони шоири адабиёти форсу тоҷик бо эҷодиёти нозуку пурмуҳтавоаш дар ғанӣ гардонидани мероси адабӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки бо вуҷуди он ки аз мероси адабии Робияи Балхӣ то имрӯз миқдори хеле кам, ҳамагӣ беш аз панҷоҳ байт, ба мо расидааст, ҳамин осори маҳдуд низ аз истеъдоди нодир ва маҳорати баланди шоирии ӯ шаҳодат медиҳад. Ашъори дастрас аз чанд ғазал, дубайтӣ ва фардбайт иборат буда, дар онҳо нозукиҳои эҳсосоти инсонӣ, зебоиҳои табиат ва андешаҳои пурмаъно бо забони соддаву фасеҳ баён гардидаанд




Ба рӯйхат