,
Шанбе, 14-март
Имрӯз, 13 марти соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Маорифи олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар доираи форуми мазкур Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла, бо муассисаҳои зерин санадҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2030 ба имзо расиданд:
Бояд зикр намуд, ки то ин муддат Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида буд. Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ имкониятҳои ҳамкории дуҷонибаро боз ҳам густариш дода, ба рушди равобити илмӣ ва академӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар мусоидат менамояд.
Дар заминаи созишномаҳои баимзорасида ҳамкорӣ дар самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, гузаронидани конфронсу семинарҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, таҳияи барномаҳои инноватсионӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаҳои техникӣ, педагогӣ ва забонҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин иқдом қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.