,
Шанбе, 14-март
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши иттилоотӣ дар доираи татбиқи муқаррароти “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдор, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва зикр кард, ки пешгирии савдои одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, бахусус ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа мусоидат мекунад.
Сипас, Бухоризода Беҳрӯз - намояндаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, Сафарзода Фаррухҷон - сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чамшед Ҳайдаров - коршиноси миллӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баромад намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, махсусан занону кӯдакон, инчунин тадбирҳои андешидашуда дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Баромадкунандагон бо мисолҳои мушаххас масъалаҳои марбут ба савдои одамон, шаклҳои зуҳури он ва роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳоро шарҳ доданд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни иштирокчиён ва маърӯзакунандагон саволу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои муҳофизат аз чунин ҷиноятҳо маълумоти муфид дарёфт намуданд. Чорабинӣ дар фазои созанда баргузор гардида, аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар самти муқовимат ба савдои одамон таъкид гардид.