, Шанбе, 14-март

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ ЗЕҲНӢ ВА ИХТИРОЪКОРӢ


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ ЗЕҲНӢ ВА ИХТИРОЪКОРӢ

Бо ташаббуси Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Рушди малакаҳои зеҳнӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, оид ба имкониятҳои рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ маълумот гирифтанд.

Нахуст муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ баромад намуда, таъкид кард, ки рушди тафаккури эҷодӣ ва дастгирии ташаббусҳои ихтироъкоронаи ҷавонон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-навоварӣ мусоидат мекунанд.

Сипас, Сорбони Саидҷалол - сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Мафҳуми моликияти зеҳнӣ ва роҳҳои ҳифзи он то механизмҳои тарзи пешниҳоди ихтироъ ба маркази патентӣ” маърӯза намуд. Ҳамзамон Назаров Аминҷон - директори Парки технологии муассиса дар мавзуи “Роҳу механизмҳои эҷоди ихтироъ (кашфи малакаҳои зеҳнӣ ва эҷодкории шахсӣ)” маърӯза намуда, аҳамияти дастгирии идеяҳои навоваронаро таъкид кард.

Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён ва маърӯзакунандагон мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён оид ба тарзи пешниҳоди лоиҳаҳои ихтироъкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф маълумоти муфид дарёфт намуданд.




Ба рӯйхат