,
Шанбе, 14-март
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таҳкими корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии фарҳангии донишҷӯён пайваста дарсҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Дар ин замина, дар факултети физика, математика ва информатика дарси тарбиявӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби муаллими калони кафедраи методикаи таълими информатика Некрӯз Қурбонов дар гурӯҳи таълимии 108-и ихтисоси «информатика» баргузор гардид.
Зимни машғулият омӯзгор доир ба таърихи пайдоиш, анъанаҳои қадима ва аҳамияти фарҳангии ҷашни Наврӯз сухан гуфта, нақши онро дар таҳкими арзишҳои миллӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи суннатҳои мардумӣ шарҳ дод.
Донишҷӯён дар ҷараёни дарс фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро перомуни ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ баён карданд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки омӯзиш ва гиромидошти чунин ҷашнҳои миллӣ дар тарбияи ҳисси худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқ нақши муҳим дорад.