, Шанбе, 14-март

РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МУСИҚИФАҲМИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАННИ СУРУД ВА МУСИҚӢ


РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МУСИҚИФАҲМИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАННИ СУРУД ВА МУСИҚӢ

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди фаъолияти мусиқифаҳмии хонандагони хурдсол дар раванди таълими фанни суруд ва мусиқӣ” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Ҷурахонзода Гулрӯ суханронӣ намуда, мақсади баргузории мизи мудавварро шарҳ дод ва маърӯзакунандагонро бо аҳли нишаст шинос намуд.

Сипас, Мирзоева Бунафша, дотсенти кафедра дар мавзуи “Нақши дарси мусиқӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ ва зебопарастии хонандагон”, Раҳматов Ҷумахон, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Мақсад ва ҳадафҳои тарбияи суруд ва мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ” ва Умедҷони Б.Ҳ, ассистенти кафедра бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Рушди санъати мусиқӣ дар даврони истиқлолият” маърӯза намуда, аҳамияти омӯзиши мусиқӣ дар ташаккули завқи зебопарастӣ ва ҷаҳонбинии хонандагонро таъкид карданд.




Ба рӯйхат