,
Ҷумъа, 13-март
Дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва технологияи инноватсионӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши рақамикунонӣ дар рушди соҳаи таълим дар замони муосир” баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифта, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар солҳои (2020-2040)” буд.
Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия суханронӣ намуда, ба кори мизи мудаввар оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи мазкур мақсади баргузории мизи мудавварро шарҳ дода, маърӯзакунандагонро бо аҳли нишаст шинос намуд.
Дар идома Бобохонзода Ҷамшед, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва технологияи инноватсионӣ дар мавзуи “Рақамикунонии қадами муҳим дар роҳи рушди ҷомеаи муосир”, Афизов Суҳроб, муаллими калони кафедра бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Нақши инқилобҳои иттилоотӣ дар рушди ҷомеаи рақамӣ” ва Садриддинзода Бахтовар ассистенти кафедра дар мавзуи “Моделсозии математикӣ ва компютерӣ дар идоракунии иқтисоди рақамӣ” суханронӣ намуда, омӯзиши илмҳои табии риёзиро мавриди баррасии амиқ ва муҳокимарониҳо қарор доданд.