, Ҷумъа, 13-март

ТАШКИЛИ ШАРОИТИ МУСОИД ВА ИНФРАСОХТОРИ МУОСИР ДАР ДДК


ТАШКИЛИ ШАРОИТИ МУСОИД ВА ИНФРАСОХТОРИ МУОСИР ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи омӯзгорон ҳамарӯза синфхонаҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри 2025) таъкид гардид, амалӣ мегарданд.

Имрӯз (12.03.2026) ташаббуси мазкур дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳангӣ донишгоҳ амалӣ гардонида шуд, ки дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, ҳайати омӯзгорон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшудаи таълимӣ шинос гардиданд.  Синфхонаҳо ба номи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, инчунин ба номи устодони зиндаёд, аз ҷумла педагоги шинохта дотсент Изатуллоев Куган ва равоншиноси варзида дотсент Мустафоқулов Тошпулод номгузорӣ карда шуданд.

Зикр гардид, ки синфхонаҳои навтаъсис бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш мусоидат менамояд. Номгузории синфхонаҳо ба номи устодони соҳибтаҷриба нишонаи эҳтиром ба хизматҳои арзишманди онҳо дар тарбияи насли ҷавон ва рушди илму маориф маҳсуб меёбад.




Ба рӯйхат