,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 6-уми апрел дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Саодати Раҳмоналӣ дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар гурӯҳи таълимии 102-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ гузаронида шуд.
Дар дарс декани факултет Давлатов Миралӣ, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар, сармутахассиси раёсати тарбия Дустов Насим, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Бегиев Шариф ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал муаллима дарсро оғоз намуда, қайд карданд: “Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон - Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодир мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ менамояд.
Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ватани моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, он хатари парокандашавии давлат ва нестии миллатро ба вуҷуд овард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишманд ва муқаддас аст.
Бояд қайд намуд, ки чунин рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муяссар мешаванд.
Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён оварданд, Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд”.
Сипас донишҷӯён маърӯзаҳои худро аз ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, хизматҳои беназири Пешвои миллат барои миллати тоҷик, пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ ироа намуданд.
Зимни баромад қайд гардид, ки маҳз хизматҳои поквиҷдононаю софдилонаи Сарвари давлат буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ пайдо кард. Имрӯз зиёда аз 151 давлати дунё кишвари азизи мо Тоҷикистонро медонанду мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғаразона буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки ба ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад.
Ҳамзамон як саҳначаи таърихӣ аз ҳаёти Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид.
Мақсад аз ташкили ин дарс бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, қадр намудани арзишҳои миллӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо қаҳрамониҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар фарҷом декани факултет Давлатов Миралӣ ва сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия намуданд, ки чунин дасрҳо бештар гузаронида шаванд.