, Ҷумъа, 13-март

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДК ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДК ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар шаҳри Тошканд ҳамоиши сатҳи баланди шурои Британияи Кабир ва Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи AELLCA (Accelerating English Language Learning in Central Asia) баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар ин чорабинии сатҳи баланд Муродзода Баҳиддин Раҳмон, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва Қурбонов Кароматулло, сардори маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ, муаррифӣ намуданд.

Лоиҳаи AELLCA, ки аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир дастгирӣ меёбад, ба модернизатсияи омодасозии омӯзгорони ояндаи забони англисӣ (PRESETT) ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълими фарогир (инклюзивӣ) нигаронида шудааст.

Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 5-7 март доир гардида дар он масъалаҳои таҳияи харитаҳои роҳ барои такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳкими ҳамкорӣ байни 11 донишгоҳи Британияи Кабир ва Осиёи Марказӣ, мубодилаи усулҳои нави таълим, таҳияи «Дастури таҷрибаи пешқадам» барои низоми PRESETT дар минтақа баррасӣ мегарданд. 

Дар ин ҳамоиш намояндагони Вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шурои Британия (British Council), Сафорати Британияи Кабир ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд. Иштироки намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чунин лоиҳаҳо барои омодасозии кадрҳо мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich, Британияи Кабир) Ёддошти тафоҳум (MoU) ба имзо расонида шуд.

Ин санади муҳим, ки ба муҳлати 4 сол пешбинӣ шуда, заминаи ҳуқуқиро барои самтҳои зерин фароҳам меорад: мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон; таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон дар асоси барномаҳои муосири таълимӣ ва гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои муштарак.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин Ҳамоиши сатҳи баланд аз тарафи Шурои Бритониё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нишони эътирофи ҳамкории арзишманд дар тадбиқи лоиҳаи “Ислоҳоти барномаи таълимии омодагии ибтидоии омӯзгорони зинаи томактабӣ-ибтидоӣ” дар доираи барномаи “Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёёи Марказӣ (AELLCA)” Сертификат супорида шуд.




Ба рӯйхат