, Чоршанбе, 11-март

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДДК

Санаи 7-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҳти унвони “Нақши ВАО-и дар таҳкими худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Дар конфронс ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, муовинони ректор, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани шодбошӣ ҳайати рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯён-рӯзноманигорони ояндаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори саодатбору пурнишот таманно намуд.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик рамзи эҳтиром ба фаъолияти пурмасъулият ва пуршарафи рӯзноманигорон мебошад. Ин сана ба таърихи матбуоти миллӣ сахт пайванд дошта, аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф», ки 11 марти соли 1912 дар Бухоро рӯйи чоп омада буд, сарчашма мегирад. Аз ҳамон давра то имрӯз матбуоти тоҷик роҳи пуршарафи рушду такмилро тай намуда, ба яке аз рукнҳои муҳими ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар шароити ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма боз ҳам муҳимтар мегардад. Матбуот на танҳо воситаи интиқоли иттилоъ, балки омили таъсиргузор дар ташаккули афкори ҷомеа, тарбияи маънавии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз фаъолияти содиқонаи рӯзноманигорон ба инъикоси воқеият, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни суханронӣ, иброз дошт, ки дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касбест бошараф, пурзаҳмат, ки ғайр аз илму дониш, инчунин, маҳорату истеъдодро талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳад.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон - Ҳақназар Ғоиб, собиқадори соҳаи ВАО Бозорзода Сафаралӣ доир ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷамъиятӣ ибрози андеша намуда, таъкид бар он намуданд, ки воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба 3 нафар устодон Шаҳодатномаи узви нави Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон супорида шуда, инчунин гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони муассиса ва намояндагони ВАО дар минтақаи Кӯлоб бо Сипосномаҳои ректори донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи конфронси мазкур ҷониби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.




Ба рӯйхат