, Чоршанбе, 11-март

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Дар Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Шахсони имконияташон маҳдуд” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар маърӯзаи дотсенти кафедраи психологияи донишгоҳ Шарипов Анвар дар мавзуи “Хусусиятҳои психологии шахсони имконияташон маҳдуд”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Файззода Бахтовар дар мавзуи “Мавқеи иҷтимоӣ-психологии шахсони имконияташон маҳдуд” ва магистранти курси дуюми ихтисоси равоншиносӣ Ҷумахонзода Ҷамшед дар мавзуи “Муваффақиятҳои шахсони имконияташон маҳдуд” баррасӣ гардид.

 

 

 




Ба рӯйхат