,
Чоршанбе, 11-март
Имрӯз 7-марти соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи донишгоҳ аксияи тозагӣ баргузор гардид.
Дар ин иқдоми кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф саҳм гузоштанд. Иштирокчиён бо истифода аз асбобҳои корӣ ҳудуди боғро аз партовҳо тоза намуда, роҳравҳо ва гирду атрофи онро ба тартиб дароварданд.
Ҳадафи баргузории аксияи мазкур баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити донишгоҳ ва дар сатҳи шоиста истиқбол намудани ҷашнҳои муҳими миллӣ арзёбӣ мегардад.