,
Шанбе, 07-март
Бо чунин ном таърихи 06.03.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раёсати донишгоҳ, занону бонувон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани шодбошӣ модарону бонувони арҷуманд, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва кулли занону бонувони хуштолеи кишвари озоду обод ва хурраму соҳибистиқлолро ба муносибати ҷашни зебову пурнишот, маҳбубтарин иди инсоният, ҷашни шодии дилҳо, рамзи садоқату вафодорӣ – Рӯзи Модар, ки ҳамасола бо фарорасии фасли баҳору шукуфтанҳо ва таҷлил аз ҷашни миллии мардуми фарҳангпарвар – Наврӯзи оламафрӯз истиқбол мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳозирин ва кулли зан-модари тоҷик саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.
Рӯзи Модар барои ҷомеаи мо рӯзи тафаккур, рӯзи арҷгузорӣ ба рисолати бузурги модарӣ, заҳмату бедорхобиҳо, муҳаббати беохир ва эътирофи саҳми арзишманди занон дар бунёди ҷомеаи мутамаддину пешрафта мебошад. Зан-модар сарчашмаи ҳаёт, неруи маънавии оила ва сутуни устувори давлат аст. Аз домони поки ӯ наслҳои худшиносу ватандӯст, донишманду созанда ва масъулиятшинос ба камол мерасанд.
Шодиовар аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, аз масъалаҳои меҳварии сиёсатӣ давлатӣ ба ҳисоб меравад. Фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Мояи ифтихор аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ саҳми бонувон дар пешрафти фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ва илмӣ назаррас мебошад. Занону бонувони донишгоҳ бо дониши амиқ, таҷрибаи ғанӣ ва масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон нақши муассир доранд.
Донишҷӯдухтарони донишгоҳ низ бо дастовардҳои илмӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рафтори намунавӣ симои шоистаи занону духтари тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Ин ҳама самараи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи Шумо омӯзгорону модарони азиз ва шогирдони гиромӣ мебошад.
Дар идома фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби сардори маркази матбуот Муҳаммадҷони Абдувоҳид ҷиҳати ҳавасмандгардонии тамоми омӯзгорон ва кормандон аз ҳисоби занонро ба самъи ҳозирин расонд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи модар бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, азамату бузургии Зан-Модар, васфи зебоии ин олиҳаи ҳастӣ ва тараннуми сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба дилҳо шодиву сурур бахшид.