,
Панҷшанбе, 05-март
ва ё идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ДДК
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин росто, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 санаи 04.03.2026 дар донишгоҳ ифтитоҳи як қатор синфхонаҳои таълимӣ ба номи устодону донишмандони варзида баргузор шуд. Ин синфхонаҳо ба хотири пос доштани заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва аҳли пайвандони устодон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.
Таъмир ва ифтитоҳи синфхонаҳои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳои мазкур дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика ба номи педагоги шинохта, дотсент Иброҳимов Грез ва дар факултети филологияи рус ба номи зиёиёни хирадафрӯз, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Нуралӣ, дотсентон Раҳимова Савронбӣ ва Файзуллоева Фирӯзамо бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода шуд.
Таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.