, Душанбе, 14-октябр

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

 05.04.2023 138

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

Имрӯз дар бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми марти соли 2023 таҳти рақами №49 бо иштироки хатмкунандагони факултети химия ва биология баргузор гардид.

Дар ҷаласа Амиров Файзуллохуҷа, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Назарзода Бахтиёр, мудири шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Имомов Зафар, ҷонишини декан оид ба таълим ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.




Ба рӯйхат