,
Чоршанбе, 04-март
Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология мизи мудаввар вобаста ба муқовимат ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша карданд.
Дар мизи мудаввар Давлатмуродзода Мирзомурод-мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзуи “Пешгирии амалҳои корупсионӣ дар ҷомеа ва давлат”, Бобозода Бахтиёр-мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Коррупсия ва хатари он ба ҷомеа”, Ташрифи Шариф-ҷонишини декани факултет оид ба тарбия дар мавзуи “Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем” ва Раҷабзода Аминҷон-омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Коррупсия-амали номатлуби инсонӣ” маърӯза намуданд.