,
Сешанбе, 03-март
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили малакаҳои касбии омӯзгорони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Дар ҳамин замина, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” дарси намунавии тарбиявӣ аз ҷониби куратори гурӯҳи таълимӣ-Насимҷони Саидаъзам, дар мавзуи “Амалҳои коррупсионӣ ва таъсири он ба ҷомеа” бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорон баргузор гардид. Машғулият бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ баргузор гардида, паҳлуҳои гуногуни амалҳои коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар идома донишҷӯи курси дуюуми ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” Хоҷаев Азизулло дар мавзуи “Амалҳои коррупсионӣ ва таъсири он ба ҷомеа” ва Одинаева Сабрина дар мавзӯи ” Коррупсия падидаи манфӣ ва номатлубу зараррасони ҷомеа” маърузаҳои худро ироа намуданд.
Дар раванди дарс донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, доир ба хусусиятҳои зарари коррупсионӣ мубодилаи афкор намуданд.