,
Шанбе, 28-Феврал
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни баргузории мизи мудаввар мудири кафедра, муаллими калон Шоҳсанами Ризо дар мавзуи «Ташкили раванди таълим бо истифодаи технологияҳои рақамӣ» ва магистранти курси дуюм Шоираи Саидикром дар мавзуи «Имкониятҳои забони барномасозии Python дар рушди зеҳни сунъӣ» маърӯза карданд.