, Душанбе, 09-декабр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 05.04.2023 236

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмии донишгоҳӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон-ташаббускори ҳалли масоили обу иқлим дар ҷаҳон» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-уми март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бо иштироки васеъи омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Сипас мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги сатҳи ҷаҳонӣ оид ба обу иқлим”, мудири кафедраи Химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Замин-саёраи об”, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатова Қаламнисо дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи замин”, омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Моҳираи Ҷурахон дар мавзуи “Пиряхҳо-мӯъҷизаи табиат”, омӯзгори кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин дар мавзуи "Захираҳои обӣ ва нақши он дар таъмини рушди соҳаи озуқаворӣ" маърӯзаҳои худро бобати пиряхҳо ва роҳҳои ҳифзи онҳо ироа намуданд.

Ҳамзамон дар рафти ҳамоиш қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи оби тоза мебошад. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳои худ ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан, тағйирёбии иқлим ва норасоии оби нӯшокӣ таваққуф мекунанд.




Ба рӯйхат